Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!

Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид

Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар он раёсат ва роҳбарони сохторҳои кумита иштирок намуданд.

Дар оғози маҷлис муовини якуми раиси Кумита Субҳиддин Шамсиддинзода ҳозиринро ба ифтихори ин санаи фархунда самимона табрику таҳният гуфта, дар бораи таърихи қабул, моҳият,  муқаррароти ин рамзи давлатӣ ва тадбирҳое, ки дар мамлакат ҷиҳати бузургдошти он амалӣ карда мешаванд, сухан кард.

Страницы