Соли 2022 беш аз 138 ҳазор нафар сайёҳон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Суғд дидан карданд
Нашр шуд. Чор, 01/02/2023 - 15:24
Соли 2022 беш аз 138 ҳазор нафар сайёҳон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Суғд дидан карданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.
Ҳамчунин дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 15 иншооти истироҳатӣ-фарҳангӣ, 16 иншооти сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо, 215 маркази савдо ва хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Дар вилоят фаъолияти 43 ширкати сайёҳӣ ва 2 ташкилоти ҷамъиятӣ, аз ҷумла Шӯрои рушди сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон ба роҳ монда шуда, 205 хатсайри сайёҳӣ ташкил гардид, ки тамоми мавзеъҳои таърихию фарҳангиро фаро мегиранд.

Дар Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт» ба фаъолият оғоз менамояд, ки дар асоси ҳуҷҷатгузории электронӣ амал мекунад ва дар заминаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ кор дар соҳаи нақлиёт осон мегардад. Дар ин хусус Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ба хабарнигорон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон кишвари ташаббускор, пешоҳанг ва таъсиргузор дар пешбурди рӯзномаи чаҳонии марбут ба обу иқлим эътироф гардидааст. Чунин ибрози андеша намудааст Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин МУҲРИДДИН дар мақолаи худ бахшида ба иқдомҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
31 январ баъд аз нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар он беш аз 30 нафар хабарнигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ иштирок доштанд, рӯзноманигорон аз Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ ва Осорхонаи Пешвои миллат, воқеъ дар донишгоҳи мазкур боздид намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.



