14 ФЕВРАЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Тақдими китоби «Тоҷикон» ба аҳолии Тоҷикистон туҳфаи арзишманду таърихӣ маҳсуб мешавад
Нашр шуд. Сеш, 14/02/2023 - 13:46
Ҳамасола 14 феврал дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб (International Book Giving Day) таҷлил карда мешавад. Дар Тоҷикистон низ дар ин рӯз барномаҳои гуногуни маърифатӣ доир мегардад. Дар оммавигардонии рӯзи тақдими китоб кормандони китобхонаҳо, нашриётҳо ва муассисаҳои илмии Тоҷикистон фаъол мебошанд.
Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ ба рушду нумӯи соҳаи китобдорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ҳамин аст, ки бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ марҳила ба марҳила аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар оила китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров туҳфа карда шуд.

13 феврал дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври умумидонишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»–оинаи таърихи миллат» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маҳфили “Хирадмандон” дар соли 2023 гузаронида шуд, ки дар он роҳбари маҳфил, узви Иттифоқи нависандаогни Тоҷикистон Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод, аъзои маҳфил ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.
Созмони СММ оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки ба ғизои мактабӣ ва саломатии мактаббачагон таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунанд, дар ҳоле ки тақрибан сеяки муассисаҳои таълимӣ дар саросари ҷаҳон ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Гузориши марбут ба «Омодаи таҳсил ва рушд мебошем- саломатӣ ва ғизо дар мактабҳои саросари дунё» 8 феврал нашр шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад.



