Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ тақдим намуданд
Нашр шуд. Сеш, 21/02/2023 - 16:56
21 феврал дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ хизматчиёни низомии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ҷасорату фидокорӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбати


Баъд аз ҳазор соли пош хӯрдани давлати Сомониён, хушбахтона, ворисони оли Сомонро имкон фароҳам омад, то давлати нави худро бунёд намоянд.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 20 феврал бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ анҷом дод. Сарвазири мамлакатро дар ин сафар роҳбарони якчанд вазорату кумитаҳо ҳамроҳӣ намуданд. Гурӯҳи корӣ аввал аз мавзеи фаромадани тарма дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ дидан намуд.



