«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе маросими ҷамъбасти фестивали ҷумҳуриявӣ доир гардид
Нашр шуд. Душ, 08/05/2023 - 19:25
Имрӯз, 6 май бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар фестивали мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Ҳилолбӣ Қурбонзода, роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони вазорату идораҳои мамлакат иштирок намуданд.
Муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён иброз намуд, ки либоси миллии тоҷикӣ дар арсаи ҷаҳон санъату ҳунари мардумро нишон дода, муаррифгари симои зоҳирии миллат мебошад.

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи воситаҳои ахбори омма, табодули таҷриба ва омода намудани кадрҳои рӯзноманигорӣ густариш медиҳанд. Дар Остона дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Телерадиокомлекси Президенти Ҷумҳурии...
Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баргузор гардид.



