Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи сарҳадбонон
Нашр шуд. Якш, 28/05/2023 - 18:23
Рафиқон генералҳо, афсарон ва сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори солгарди бистунӯҳуми таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Рӯзи сарҳадбонони тоҷик самимона табрик мегӯям.
Марзи давлатӣ дар радифи арзишҳои миллӣ, забон, таърих, фарҳанг ва дигар муқаддасоти миллӣ аз ҷумлаи муҳимтарин унсурҳои соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии давлат мебошад.
Бинобар ин, яке аз масъалаҳои муҳимтарине, ки дар назди давлати мо ҳанӯз дар оғози ба даст овардани истиқлол қарор дошт, таъсис додани сохторҳои марзбон буд.
Вале айнан дар ҳамон айём кишвари мо ба гирдоби мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.

Неруҳои марзбони Тоҷикистон, ки зодаи даврони истиқлоли мамлакатамон мебошанд, ҳамчун сипари боэътимоди давлатдории навини тоҷикон яке аз рукнҳои муҳимтарини Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Мо имрӯз ифтихор мекунем, ки сарҳадбонони мо марзу буми сарзамини аҷдодӣ, яъне амнияту суботи давлат ва оромиву осоиши ҷомеаро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ таъмин карда истодаанд». Ин иқтибос аз суханронии Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи сарҳадбонон аз 28 майи соли гузашта аст, ки дар он ба нақши муҳими муҳофизони сарҳад дар таъмини сулҳу субот ва амнияти Ватан баҳои баланд дода шудааст.
27 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ташриф оварданд.
24 май бо қарори Ниҳоди иҷроияи ЮНЕСКО Куллиёти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ расман ба Феҳристи Хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.



