Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон
Нашр шуд. Ҷум, 02/06/2023 - 12:37
2 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Саммити дуюми сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» ба шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон сафар намуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

1 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо Мариус Визерро ба ҳузур пазируфтанд.
31 май дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.




