Ифтитоҳи Маркази савдо ва фароғатии “Хонаи ман” дар шаҳри Хуҷанд

6 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати варзишгоҳи 20 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маркази савдо ва фароғатии “Хонаи ман”-ро ба истифода доданд.

Иншооти хизматрасонӣ аз 3 ошёна иборат буда, дар масоҳати қариб 6 ҳазор метри мураббаъ бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандарти меъмории муосир сохта шудааст.

Дар Маркази савдою хизматрасонии “Хонаи ман” дар маҷмуъ 70 нафар бо ҷойи кор таъмин шудааст ва оянда бо васеъ кардани доираи фаъолият шумораи кормандон ба 100 нафар расонида мешавад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти хизматрасонӣ соли 2019 оғоз гардида буд. Дар зарфи ду сол 90 нафар мутахассиси соҳибтаҷриба тавонистанд иншоотро бо тарҳи зебо, мутобиқ ба талаботи замон ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд созанд.

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли қубурҳои полиэтилении ҶДММ “Мироб” дар шаҳри Бӯстон

6 июл дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи истеҳсоли қубурҳои полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мироб”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи истеҳсоли қубурҳои полиэтиленӣ бо 15 ҷойи доимии корӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар доираи “Солҳои рушди саноат” - 2022-2026 дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон аз ҷониби оилаи Шарифовҳо бунёд гардидааст.

 Дар корхона истеҳсоли 16 намуд қубури полиэтилении қутрашон аз 15 то 315 миллиметра ба роҳ монда шудааст. Дарозии қубурҳо вобаста ба қутрашон аз 6 то 100 метр истеҳсол мегардад.

Иқтидори истеҳсолии корхонаи саноатӣ дар як шабонарӯз аз 400 то 500 метр ва дар як сол аз 50 то 60 ҳазор метр қубурҳои полиэтилении босифат мебошад.

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия оғоз мегардад

Имрӯз, 6 июл Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мешавад. Ҳайати 64-нафараи ҳунармандони Русия аз 6 то 8 июл барномаҳои ҳунарии хешро дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд баргузор менамоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳунармандони бомаҳорати Русия дар ҳайати пианинанавози машҳур, Ҳунарпешаи халқии Русия Денис Матсуев, Ансамбли давлатии академии рақси халқии «Налмэс» –и Ҷумҳурии Адигея дар ин рӯзҳо бо барномаҳои ҷолибу диданӣ хотири тамошобинонро болида мегардонанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон парваришгоҳи нигоҳдории ҳайвоноти нодирро ифтитоҳ намуданд

5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд парваришгоҳи нигоҳдории ҳайвоноти нодирро ба истифода доданд.

Масоҳати умумии парваришгоҳ 200 гектар буда, ин мавзеи ноҳияи Шаҳристон барои парвариши ҳайвоноти нодир иқлими мусоид дорад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар парваришгоҳи навтаъсис асосан ду намуд ҳайвони нодир — оҳуи аврупоии лан ва гӯсфанди шохдори муфлонӣ парвариш ва нигоҳубин карда мешавад. Парваришгоҳи мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Газнафт” ташкил гардидааст.

Страницы