Нишасти мабуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нашр шуд. Чор, 26/07/2023 - 12:30
Имрӯз дар бинои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита ва сохторҳои зертобеъи он дар нимсолаи аввали соли 2023 баргузор гардид, ки дар он ба саволҳои сершумори намояндагони ВАО раиси Кумита Саид Нуриддин Саид, муовинони раис ва роҳбарони сохторҳои зертобеъ посух гуфтанд.


Дар Боғи марказии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Фестивали 16-уми байналмилалии фарҳангӣ ва сайёҳии «Боми ҷаҳон» 22 июл оғоз гардид. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.



