«ДУРДОНАҲОИ ТОҶИКИСТОН». Нашриёти «Ирфон» маълумотномаи библиографӣ ба нашр омода намудааст
Нашр шуд. Чор, 02/08/2023 - 12:15
Муассисаи нашриявии «Ирфон» бо мақсади ба таври васеъ муаррифӣ намудани осори адибони тоҷик ба насли имрӯзу фардо маълумотномаи библиографиеро таҳти унвони «Дурдонаҳои Тоҷикистон» дар ду ҷилд ба нашр омода намудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи маркетинг ва менеҷменти нашриёти «Ирфон» хабар доданд.
Маълумотномаи мазкур дар бораи зиндагино...

Шуруъ аз имрӯз, 1 август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии тиббӣ, хизматрасонии коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасонии давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилоти давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ мешавад. 
Аз 1 август сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати гузаштан ба пардохти ғайринақдӣ барномаи «Пардохти ҳушманд» (Smart Pay) -ро дар фаъолияти худ истифода мебаранд. Дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид.



