Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
Нашр шуд. Ҷум, 04/08/2023 - 09:59
4 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ба Туркманистон сафар намуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии...


Аз ҷониби мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маротибаи аввал дар давлатҳои Осиёи Марказӣ барномаи кор бо Интернет ва сомонаҳо, яъне браузери нав (ҷустуҷӯгари нав) – Барномаи танзими Mozilla Firefox бо забони тоҷикӣ таҳия ва амалӣ шуд, ки он дар шабакаи Интернет ҷой дода шудаву фаъол мебошад. Дар ин хусус Раиси Кумита Олимҷон Муҳаммадҷонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.




