Ахбор

Дар ҳошияи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардидДар ҳошияи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид

14 сентябр дар Кохи Борбад дар ҳошияи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барномаи муштараки консертӣ – «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид.

Дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев...

Дар Душанбе аз рӯи натиҷаҳои Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ брифинг доир гардид

14 сентябри соли 2023 бо иштироки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз рӯи натиҷаҳои Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиëи Марказӣ барои доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ брифинг баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Иттилоъ дода шуд, ки натиҷаи ҳамоиш ...

Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ

14 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба кори худ оғоз кард.

Ҳамоиши сатҳи баланд дар бинои Қасри миллат баргузор шуд.

Сарони давлатҳои иштирокчӣ ва меҳмонони чорабиниро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона истиқбол гирифтанд.

Дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва меҳмони фахрӣ - Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, иштирок карданд.

Сарони давлатҳо доираи васеи масъалаҳои мубрами робитаҳои кишварҳои минтақаро баррасӣ намуда, дурнамои тавсеаи ҳамкории минтақавиро дар самти таъмини рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими заминаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ, рушди минбаъдаи фазои фарҳангӣ ва гуманитарии минтақа мавриди назар қарор доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи иштирокчиёни Вохӯрӣ - Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дигар  меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Таъкид гардид, ки ба шарофати кӯшишҳои муштарак Осиёи Марказӣ пайваста ва босубот ба минтақаи ҳамкории мутақобилан судманд табдил меёбад. Ва аз ҳама муҳим он аст, ки халқҳои мо аз самараи ин кӯшишҳо баҳравар мегарданд.

Суханронӣ дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ

Ҳамкорони муҳтарам,
Дӯстони азиз,

Имрӯз маротибаи панҷум аст, ки мо дар чунин чорчуба мулоқот менамоем.

Давраи сипаришуда барои кишварҳо ва мардумони мо марҳилаи рушди босуръати савдои мутақобила, тавсеаи ҳамкорӣ дар самти сармоягузорӣ ва таҳкими робитаҳои байниҳамдигарии нақлиётӣ гардид.

Осиёи Марказӣ ба шарофати саъйю кӯшишҳои муштараки мо пайгирона ва босубот ба қаламрави ҳамкории мутақобилан судманд табдил меёбад.

Ва аз ҳама муҳим он аст, ки халқҳои мо аз самараи ин талошҳо баҳравар мегарданд.

Заминаи Вохӯриҳои машваратии моро муҳокимаи боварибахш, ошкоро, созанда, ҳамчунин ҳалли ҳамоҳанг шудаи мушкилоти умумии минтақа ташкил медиҳад.

Ҳатто пандемияи Ковид-19 натавонист муколамаи сиёсӣ ва рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодиро боздорад.

Баръакс, дар ин лаҳзаҳои ҳассос ҷаҳон шоҳиди намунаҳои олии ҳамраъйӣ ва кумаки мутақобилаи байни давлатҳои Осиёи Марказӣ гардид.

Давоми панҷ соли гузашта давлатҳои минтақа ба ҷомеаи ҷаҳонӣ даҳҳо ташаббус пешниҳод намуданд, ки ба ҳифзи сулҳ ва таъмини рушди устувор нигаронида шуда буданд.

Ҳамаи ин гувоҳи баргаштнопазирии раванди табдили Осиёи Марказӣ ба минтақаи босубот, аз нигоҳи иқтисодӣ рушдёфта ва дар ояндаи наздик хеле шукуфон мебошанд.

Итминон дорам, ки Вохӯрии машваратии ҷашнии имрӯза боз як тасдиқи дигари иродаи устувори сиёсии мо барои таҳкими ҳамаҷонибаи ҳамкории байнидавлатӣ ба манфиати мардумони бародари мо хоҳад буд.

Страницы