Дар Душанбе аз рӯи натиҷаҳои Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ брифинг доир гардид

14 сентябри соли 2023 бо иштироки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз рӯи натиҷаҳои Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиëи Марказӣ барои доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ брифинг баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Иттилоъ дода шуд, ки натиҷаи ҳамоиш қабули бастаи панҷ санад буд, ки яке аз онҳо аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расидани Изҳороти муштарак мебошад.

Дар ин санади стратегӣ роҳбарони давлатҳои минтақа аҳамияти истисноии механизми вохӯриҳои машваратиро барои таҳкими пайвастаи муносибатҳои дӯстонаи давлатҳои Осиёи Марказӣ бори дигар тасдиқ намуданд.

Тазаккур дода шуд, ки сарони давлатҳо ҷонибдори ҳаллу фасли ҳамаи масъалаҳои минтақавӣ танҳо бо василаҳои сиёсӣ ва дипломатӣ дар заминаи баробарӣ ва эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар мебошанд.

Ҳамзамон сарони давлатҳо дар заминаи баррасии масъалаҳои амниятӣ мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро дар маркази таваҷҷуҳи худ қарор доданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»