Ахбор

Президенти Тоҷикистон таҳкими ҳамкорӣ ва ҳамоҳангиро дар муқобила бо офатҳои обу иқлим пешниҳод намуданд

Камобӣ, хушксолӣ, селу ярч, ки мо чанд сол боз пай дар пай мушоҳида менамоем, на танҳо ба хоҷагии қишлоқ, балки дар умум ба вазъияти иҷтимоӣ ҳам таъсири манфӣ мерасонанд. Мушаххас аст, ки мо бояд ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии худро дар муқобила бо ин вазъ, пеш аз ҳама, дар бахши обу энергетика тақвият диҳем. Чунин изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФНБА) дар Душанбе.

Ба гуфтаи Сарвари давлат, «мо аллакай дар ҳайати Фонди байналмилалии наҷоти Арал комиссия оид ба об дорем, аммо платформаи танзими масъалаҳои энергетикӣ вуҷуд надорад. Соли гузашта дар нишасти сарони Чолпон-Ота мо дастур дода будем, ки барои ҳалли ин гуна масъалаҳо ҷаласаи вазирони энергетика таъсис дода шавад».

Тавре дар идома Пешвои миллат афзуданд, «мояи хушнудӣ аст, ки дар ҷараёни ислоҳоти Фонди байналмилалии наҷоти Арал масъалаҳои энергетика ба ваколати ин фонд дохил шуданд. Таклиф менамоям, ки дар доираи он комиссияи алоҳида оид ба масъалаҳои энергетика ташкил шавад.

Аз ҷониби Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Созишнома оид ба таҳкими муносибатҳои нақлиёти рӯизаминӣ ба имзо расид

Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар доираи мулоқоти панҷуми машваратӣ дар Душанбе панҷ санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд, ки яке аз онҳо Созишнома оид ба таҳкими муносибатҳои нақлиёти рӯизаминӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Ҳадафи Созишномаи мазкур таҳкими ҳамкории устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар соҳаи

Президентҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Озарбойҷон бо Намоишгоҳи молистеҳсолкунандагони давлатҳои Осиёи Марказӣ шинос шуданд

14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озорбойҷон — Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷой Илҳом Алиев дар шаҳри Душанбе ба Намоишгоҳи...

Страницы