Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
Нашр шуд. Ҷум, 26/04/2024 - 08:52Бо ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 апрели соли 2024 гурӯҳи чоруми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 47 нафар (13 оила) занону кӯдакон (15 зан, 17 духтар, 15 писар) тавассути ҳавопаймои махсус аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нафарони ба Ватан баргардонидаро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Ҳаётзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъул пешвоз гирифтанд.









