Ахбор

Cафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан анҷом ёфт

26 апрел сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 22 то 26 апрел дар Ҷумҳурии Италия ва Ватикан ҷараён дошт, ба анҷом расид.

Дар пояи муҷассамаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Рими Италия аз номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гулчанбар гузошта шуд

 Дар шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия бо нишони олии қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба саромадони адабиёти классикии тоҷику форс аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди муҷассамаи шоири номдори тоҷику форс Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ гулчанбар гузошта шуд, хаб

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат 1 май баргузор карда мешавад

Санаи баргузории нахустин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат дар Тоҷикистон ба 1 май гузаронида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи парапланеризм ва воситаҳои сабуки парвозии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Боздид аз Осорхонаи Ватикан

26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми мулоқот бо Попи Рим аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Осорхонаи Ватикан маҷмӯи осорхонаҳоест, ки дар қаламрави давлати Ватикан ҷойгир аст.

Маҷмаи осорхонаҳо аз ҷониби попҳо бунёд шуда, асарҳои бадеии ҳунармандони гузашта, аз ҷумла асарҳои давраи Ренессансро дар бар мегиранд.

Таърихи таъсисёбии Осорхонаи Ватикан аз соли 1506 оғоз ёфта, соли 1771 кушода шудааст. Бунёдгузори Осорхонаҳо Папа Юлий II мебошад.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар як сол 1 миллиону 600 ҳазор нафар аз ин осорхонаҳо боздид намуда, бо таъриху фарҳанги давраҳои гуногуни Ватикан шинос мешаванд.

Осорхонаи Ватикан аз 54 галерея ё толор иборат буда, калисои Систин охирини онҳост.

Страницы