Дар рӯзномаи байналмилаллии арабии «Аш- Шарқ ал-Авсат» фарҳангу адабиёти тоҷик муаррифӣ гардид
Нашр шуд. Пан, 20/06/2024 - 11:0318 июн бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар рӯзномаи байналмилаллии арабии «Аш- Шарқ ал-Авсат» (Ховари Миёна) мусоҳибаи арабшинос ва тарҷумони тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Нарзулло Назар ба нашр расид,ки дар он доир ба таърихи адабиёти тоҷику форс, шеъри асилу оламшумули тоҷикӣ ва робитаҳои фарҳангию адабии тоҷикон бо ҷаҳони араб маълумот манзур гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ хабар медиҳад.
Дар мусоҳиба таъкид гардидааст, ки тоҷикон аз нажоди ориёӣ буда, қадимтарин мардуми асилу бумии минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд ва дорои фарҳангу тамаддуни куҳан мебошанд.









