Эмомалӣ Раҳмон: «Мо барои шаҳрвандони Давлати Қатар низоми бераводиди яктарафаро ба муҳлати 30 рӯз ҷорӣ намудем»

Тоҷикистони кӯҳсор, ки табиати зебо, набототу ҳайвоноти нодир ва осори беназири таърихиву фарҳангӣ дорад, барои рушди бахши сайёҳӣ, бахусус сайёҳати кӯҳнавардӣ, экологӣ ва беҳдоштӣ, ҳамчунин, шикор имкониятҳои зиёдро доро аст. Мо барои шаҳрвандони як қатор кишварҳо, аз ҷумла Давлати Қатар низоми бераводиди яктарафаро ба муҳлати 30 рӯз ҷорӣ намудем. Чунин изҳор доштанд имрӯз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар.

Роҳбари давлат изҳор доштанд, ки Ҳукумати мамлакат тавассути истифодаи имкониятҳои соҳибкории хурду миёна ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба таҳкиму тавсеаи зерсохтори соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Таъкид гардид, ки дар ин самт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар панҷ соли охир барои сармоягузорон ва ширкатҳо имтиёзу сабукиҳои ҷолиб пешниҳод шудааст. Аз ҷумла, воридоти молу ашё ва таҷҳизот барои бунёди иншооти сайёҳӣ аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда, ҳамчунин, ширкатҳои навтаъсиси соҳа аз пардохти андоз аз фоида ба муддати 5 сол озод шудаанд.

Ҳамзамон Сарвари давлат баён доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон омода аст, ки пешниҳодҳои сармоягузорони қатариро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории судманд дар самтҳои афзалиятноки баёншуда бодиққат омӯзад ва дастгирӣ намояд.