Шараф Шерализода дар ҷаласаи навбатии Шурои генералии Созмони ҷаҳонии савдо иштирок намуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода 1 ноябр дар ҷаласаи навбатии Шурои генералии Созмони ҷаҳонии савдо (СҶС) иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд.

Дар ҷаласа масъалаҳо вобаста ба такмили мавзуъҳои Конфронси 13-уми вазирони Созмони ҷаҳонии савдо, аз ҷумла ислоҳоти СҶС, ҳалли баҳсҳо, савдо ва рушд, барномаи кории созмон оид ба тиҷорати электронӣ, ҷанбаҳои тиҷоратии моликияи зеҳнӣ (TRIPS), саноати ҷаҳонӣ ва занҷираи таъминот, инчунин шомилшавии давлатҳо ба Созмони ҷаҳонии савдо баррасӣ гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки 2 марти соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви 159–уми комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии савдо (СҶС) гардид.