Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мардумро ба сарфаю сариштакорӣ ва роҳ надодан ба зоҳирпарастию исрофкорӣ даъват намуданд

Имрӯз зимни мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такроран таъкид намуданд, ки бо назардошти вазъи бесуботи бозорҳои ҷаҳонӣ мо бояд ба мардум мунтазам хотиррасон намоем, ки сарфаю сариштакор бошанд, ба намоишкориву зоҳирпарастӣ ва исрофкорӣ роҳ надиҳанд, имконияти худро барои беҳтар кардани шароити зиндагии аҳли оила ва фарзандони хеш сарф намоянд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар идомаи суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки вақтҳои охир сафари ҳаҷ, аз ҷумла ҳаҷҷи умра дар байни сокинони баъзе минтақаҳои мамлакат ба маъракаи ҳатмӣ ва ҳатто ба мусобиқаи оилавию авлодӣ ва як намуди саёҳату тиҷорат табдил ёфтааст ва баъзе ашхос се – чор бор ва ҳатто аз ин ҳам бештар ба ҳаҷ рафта истодаанд.

Ба таъкиди Пешвои миллат, ин амалҳое, ки ҳамватанони мо анҷом дода истодаанд, таассуб ва тақлид ба дигарон аст.

«Тибқи таҳлилу мушоҳидаҳо, шахсоне, ки ба зиёрат мераванд ва ҳатто тифлону кӯдаконро низ ҳамроҳ мебаранд, фикр намекунанд, ки одобу русуми ҳаҷравӣ аз чӣ иборат аст, шароити манзили зист ва зиндагии аҳли оила, фарзандон ва наздикону пайвандонашон дар чӣ ҳол қарор дорад. Фарзандон бояд ғизои хушсифат, сару либоси мувофиқ ва шароити хуби дарс хондану таълим гирифтан дошта бошанд, то ин ки ҷисман солим ба камол расанд, бесавод намонанд ва дар оянда ҳамчун кадри баландихтисос ба давлат ва падару модари худ хизмат кунанд, — изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва илова намуданд, ки мо ин масъаларо борҳо таъкид кардаем ва ҳоло бори дигар хотиррасон месозем, ки савоб, пеш аз ҳама, дар хизмати падару модар, ғамхорӣ дар ҳаққи онҳо, ободии хонаву кошона, зиндагии осудаи аҳли оила, хешу табор, ҳамсояҳо, кумак ба ятимону маъюбон, муҳтоҷону камбизоатон ва аз рӯйи имкон саҳм гузоштан дар ободии Ватан мебошад».

Бино ба таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамватанони мо, қабл аз сафари ҳаҷ як лаҳза дар сари ин масъалаҳо ва вазъи ҷаҳони имрӯза андеша карда, маблағи бо заҳмати зиёд бадастовардаашонро барои таълиму тарбияи фарзандон, бартарафсозии камбудиҳои рӯзгор, беҳтар кардани шароити зиндагии худ, кумак ба ятимону маъюбон ва ниёзмандону камбизоатҳо сарф намоянд.