Оғози ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

Дар шаҳри Уфа, пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оғоз ёфт.
Барои иштирок дар он сарони ҳамаи давлатҳои аъзо, нозир, шарикони муколама, давлатҳои даъватшуда ва намояндагони созмонҳои зиёди байналмилалию минтақавӣ ба ҳам омадаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони ҳамаи давлатҳо ва ҳайатҳои воломақомро Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин истиқбол гирифт.
Пас аз аксгирии муштарак нахуст ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар теъдоди маҳдуд оғоз ёфт, ки дар он роҳбарони аввали Русия, Чин, Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбекистон иштирок доранд.
Дар ҷаласаи теъдоди васеъ бошад, ҳамчунин сарони 5 давлати нозир-Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Эрон ва Муғулистон ва Президенти Туркманистон ба ҳайси меҳмони Президенти Русия иштирок хоҳанд дошт.
Тавре интизор меравад, яке аз натиҷаҳои асосии ин ҳамоиш ба мувофиқа расидани роҳи қабули Ҳиндустону Покистон ба узвияти Созмони ҳамкории Шанхай хоҳад буд.
Ҳамчунин аз Ҷумҳурии Исломии Эрон барои қабул шудан ба узвияти ин созмон муроҷиати расмӣ ворид шудааст.
Ғайр аз ин, аз як қатор давлатҳои дигар, аз ҷумла Арманистон, Озарбойҷон, Бангладеш, Белорус, Шри-Ланка, Сурия, Украина, Ҷумҳурии Малдив, Камбоҷа ва Миср дархост барои дарёфти мақоми нозир ва ё шарики муколама дар Созмони ҳамкории Шанхай пешниҳод гардидааст.
Натиҷаҳои асосии дигар аз ин ҳамоиш тасдиқ шудани Стратегияи рушди Созмони ҳамкории Шанхай то соли 2025, Эъломияи Уфа, Созишномаи ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ дар масъалаҳои сарҳадӣ ва Барномаи ҳамкорӣ доир ба мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ барои солҳои 2016-2018 хоҳанд буд.