Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии ибтикори панҷуми Президенти Тоҷикистон дар бораи эълон шудани «Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» тасдиқ гардид

Дар Тоҷикистон Кумитаи тадорукот оид ба амалигардонии қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» таъсис дода шуд. Ҳамчунин ҳайати кумитаи тадорукот ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии ибтикори панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон шудани «Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» тасдиқ карда шуд. Дар ин хусус Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023 ба тавсиб расид.

Тибқи қарори мазкур, Кумитаи тадорукот вазифадор гардидааст, ки дар доираи ибтикори панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон шудани «Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» соли 2025 дар шаҳри Душанбе конференсияи байналмилалиро дар мавзуи «Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» баргузор намояд. Ҳамчунин дар назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон котиботи конференсия оид ба омодагӣ ва баргузор намудани конференсияи байналмилалӣ дар мавзуи «Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» таъсис диҳад.

Ёдовар мешавем, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатънома дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо дастгирии аксарияти кишварҳои ҷаҳон қабул кард.

Тазаккур бояд дод, ки ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро 153 давлати узви ин созмон ҷонибдорӣ намуд. Қабули чунин як қатъномаи барои ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ муҳиму муфид мояи ифтихору сарфарозии ҳамаи тоҷикони ҷаҳон гардид.

Дар асоси ин Қатънома, 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид ва қарори дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе низ ба тасвиб расид. Ин ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои инсоният ва сайёраи мо воқеан аҳамияти бузург дорад, зеро он ба ҳифзи табиат ва захираҳои обӣ, дар маҷмӯъ ба ҳифзи ҳаёти инсоният дар сайёраи мо равона шудааст.

Дар Тоҷикистон айни ҳол «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» амалӣ мегардад.