Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар оғози Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт»

Субҳи имрӯз дар Кохи Сомони бустонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015 ба кор худ оғоз намуд.
Хотиррасон бояд намуд, ки барои иштирок дар ин конфронс беш аз 1500 нафар аз зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон ва даҳҳо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015 таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва бо суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои ҷараёни иҷрои нишондодҳои даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт”-ро баррасӣ намуда, ҳамзамон пешниҳод намуд, ки барои 10 соли оянда даҳсолаи нави байналмилӣ таҳти шиори “Об барои рушди устувор” эълон карда шавад.
Дар маросими ифтитоҳии Конфронс ҳамчунин суханрониҳои Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, Роҳбари Ҳукумати Иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Темир Сариев, Сарвазири Ҷумҳурии Габон Даниэл Она Ондо, Муовини аввали сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бахтижон Сагинтаев, Муовини раиси кабинети вазирони Туркманистон Аннагелди Язмуродов, Муовини Дабири Кулл/Мудири барномаи рушди СММ Ҳелен Кларк, Директори дафтари минтақавии СММ – Занҳо доир ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Ингибджорг Гисладоттир, толибаи синфи 8-и мактаби президентии байналмилалӣ (ш.Душанбе) Муҳаббатова Комила дар назар аст.