Ахбор

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ Антонелла Бассани ва ноиби Президенти Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ Хела Шейхроухуро ба ҳузур пазируфтанд

1 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ Антонелла Бассани ва ноиби Президенти Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ Хела Шейхроухуро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо сохторҳои гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ аз ҷумла Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ баррасӣ шуд. “Тоҷикистон Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳониро яке аз шарикони асосии худ медонад” - иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат. Таъкид гардид, ки давоми 30 соли ҳамкории пурсамар портфели маблағгузории Бонк аз Ассастсиатсияи байналмилалии рушд ва Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ дар маҷмуъ беш аз 190 лоиҳаро бо маблағи умумии зиёда аз 3,2 миллиард доллар дар бар мегирад.

Тавзеҳот оид ба амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2024, №671

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати иқтисодию иҷтимоии давлат масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳол

Страницы