Ахбор

«ДУНЁИ ОШ» — МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ ДАР ОСИЁИ МИЁНА БЕНАЗИР. Дар ин ҷо дар як вақт ба 1060 нафар хизмат расонида мешавад

Дар Маркази хизматрасонии «Дунёи ош» дар як вақт ба 1060 нафар хизмат расонида мешавад. Толори ош дар ошёнаи якуми бино ҷойгир буда, дорои 550 ҷойи нишаст мебошад. Дар ин макон асосан барои мизоҷону меҳмонон навъҳои гуногуни оши палав пешниҳод мегардад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо кадрҳое, ки дар мақомоти роҳбарӣ ва фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд, суҳбат намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

22 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Шевченкои пойтахт бинои нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

«РОҒУН» — ТАРҲИ НОДИРИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Он бозгӯи сиёсати муваффақонаи Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи самараноки захираҳои обӣ аст

Коршиносон бар ин назар ҳастанд, ки бо пурра ба истифода додани тамоми агрегатҳои Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар Тоҷикистон истиқлолияти комили энергетикӣ, ки яке аз чор ҳадафи стратегӣ барои рушду пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ мебошад, таъмин карда мешавад. Ин бозгӯи сиёсати муваффақонаи Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи самараноки захираҳои обӣ аст. Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Страницы