ДУШАНБЕИ ДИГАР. Дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва буриши кӯчаҳои С.Айнӣ, Шевченко ва М.Назаршоев роҳи дусатҳа сохта мешавад
Нашр шуд. Чор, 24/01/2024 - 11:09Бо мақсади сохтмони роҳи дусатҳа дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва буриши кӯчаҳои С.Айнӣ, Шевченко ва М.Назаршоев маҷмааи меъмории «Майдони Ғалаба» ба ҳудуди «Боғи Ғалаба» кӯчонида мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Ин тадбир дар асоси Нақшаи генералии шаҳри Душанбе амалӣ гардида, дар ин самт бо дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мутахассисони варзида кор мебаранд. Дар айни замон дар мавзеи нави интихобшудаи ҳудуди «Боғи Ғалаба» корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.