Ахбор

НАЗАРИ КОРШИНОС. Фаъолияти иқтисодии Ҳукумати Тоҷикистонро дар соли 2023 сарфи назар аз таъсири омилҳои манфии берунӣ метавон мусбат арзёбӣ намуд

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ, аз ҷумла тавассути рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид

24 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

ДУШАНБЕИ ДИГАР. Дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва буриши кӯчаҳои С.Айнӣ, Шевченко ва М.Назаршоев роҳи дусатҳа сохта мешавад

Бо мақсади сохтмони роҳи дусатҳа дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва буриши кӯчаҳои С.Айнӣ, Шевченко ва М.Назаршоев маҷмааи меъмории «Майдони Ғалаба» ба ҳудуди «Боғи Ғалаба» кӯчонида мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Ин тадбир дар асоси Нақшаи генералии шаҳри Душанбе амалӣ гардида, дар ин самт бо дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мутахассисони варзида кор мебаранд. Дар айни замон дар мавзеи нави интихобшудаи ҳудуди «Боғи Ғалаба» корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Давҳа ба шаҳри Душанбе баргаштанд

22 январ сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Давлати Қатар анҷом ёфт.

Нимаи дуюми рӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Давҳа ба шаҳри Душанбе баргаштанд.

Страницы