Ахбор

Суҳбати телефонии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

Имрӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Суханронӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки рамзи муқаддасу ҷовидонаи ҳастии миллат, муҳимтарин нишонаи давлатдории миллии тоҷикон ва асоситарин омили ваҳдату сарҷамъии мардуми Тоҷикистон мебошад, самимона табрик мегӯям.

Дар Данғара Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид

Имрӯз, 4 октябр дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи варзишии ноҳияи Данғара» Мусобиқаи 10-уми байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Мусобиқа аз рӯи 7 категорияи вазнӣ байни мардон: 60 кг, 66 кг, 73 кг, 81 кг, 90 кг, 100 кг, +100 кг ва 3 вазн байни занон: 52 кг, 57 кг ва -63 кг баргузор мегардад.

Дар мусобиқа варзишгарон аз давлатҳои Русия, Эрон, Узбекистон, Муғулистон ва Қазоқистон иштирок менамоянд.

Ғолибону ҷоизадорон бо медалу ҷоизаҳои пулӣ – ҷои якум- 27 500 сомонӣ, ҷои дуюм- 16 500 сомонӣ ва ду ҷои сеюм- 11000 сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.

Страницы