Ахбор

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир Абдулмаҷид Таббун мулоқот анҷом доданд

19 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Президенти Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир Абдулмаҷид Таббун мулоқот намуданд.

Дар  рафти мулоқот масоили таҳкиму густариши робитаҳои Тоҷикистону Алҷазоир мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ мулоқот анҷом доданд

19 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ мулоқот намуданд.

Дар мулоқот таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Эрон ва масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

ХУШХАБАР! «Ҷангали туғайи мамнуъгоҳи Бешаи палангон» ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид

Дар иҷлосияи 45-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО, ки имрӯзҳо дар Арабистони Саудӣ идома дорад, «Ҷангали туғайи мамнуъгоҳи Бешаи палангон», воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар иҷлосияи 45-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО, ки 10 сентябр оғоз гардида, то 25 сентябр дар Арабистони Саудӣ идома меёбад, ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода иштирок дорад.

Страницы