Ахбор

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот анҷом доданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Саммити Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дар шаҳри Боку бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев мулоқот доир намуданд.

Пешвои миллат, аз ҷумла таъкид намуданд, ки мо ба муносибатҳои боэътимоди байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар ҳамаи самтҳо баҳои баланд медиҳем.

Таъкид карда шуд, ки соли равон сарфи назар аз тамоюлоти буҳронӣ дар низоми равобити байналмилалӣ барои муносибатҳои дуҷонибаи мо хеле бобарор буд.

Роҳбари давлат тазаккур доданд, ки яке аз падидаҳои муҳимми он – сафари давлатии муҳтарам Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Форуми СҲШ “Соли сайёҳӣ 2023” дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии мардумии Чин

Рӯзҳои 23-26 ноябри соли равон дар яке аз марказҳои асосии сайёҳии Чин, шаҳри таърихии Урумчии ноҳияи Мухтори Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони "Соли сайёҳӣ 2023" баргузор мешавад. Бояд гуфт, ки
Анҷумани СҲШ «Соли сайёҳӣ-2023» нахустин ҳамоиши мавзӯӣ аз ҷониби Котиботи СҲШ ва ҳукумати халқии ноҳияи мухтори Шинҷон Уйғур дар Чин дар чаҳорчӯби Соли сайёҳии СҲШ мебошад, ки аз ҷониби сарони давлатҳо зимни баргузории Ҷаласаи Шӯрои ...

Оғози сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон

23 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар саммити Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Боку Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Ба истиқболи меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду мамлакат оро ёфта, афсарони Қаровули фахрӣ саф оростанд.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Беларус анҷом ёфт

23 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар саммити Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ аз шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони мудофиа, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

Страницы