Ахбор

Президенти Тоҷикистон: «Бояд дар мамлакат сафи соҳибкорзанон зиёд шавад»

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XXIII Шуро иброз доштанд, ки бояд дар мамлакат сафи соҳибкорзанон зиёд шавад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XXIII Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иштирок намуданд

28 ноябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои Шуро, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва соҳиб

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Русия Евгений Куйвашев мулоқот анҷом доданд

Тоҷикистон ҷонибдори ғояи таъсис додани Котиботи Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ мебошад

Тоҷикистон ҷонибдори таъсис додани Котиботи СПЕКА мебошад. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар Саммити Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) изҳор намуданд.

«Мо бар онем, ки фаъолияти мақоми нави доимӣ  бояд тибқи авлавиятҳои рушди иқтисодии ҳамаи кишварҳои иштирокчӣ сурат гирад, — таъкид доштанд Сарвари давлат. — Омодаем, ки пешниҳодҳоро оид ба шакл ва макони ҷйгиршавии Котибот ба таври созанда баррасӣ намоем».

Пешвои миллат иброз намуданд, ки вақти он расидааст дар доираи Барнома лоиҳаҳои муштараки воқеан амалкунанда ба татбиқ расонида шаванд.

Страницы