Ахбор

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Лахш бо лоиҳаи бунёди Қасри фарҳанг шинос шуданд

12 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Лахш ташриф оварданд.

Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди Қасри фарҳанг дар ноҳияи Лахш оғоз ёфт.

Иттилоъ дода шуд, ки фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳаи он аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи “САНИИОСП” таҳия шудааст.

Бинои Қасри фарҳанг аз 2 ошёна иборат хоҳад буд. Корҳои сохтмониро дар ин иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Осим иншоот” анҷом медиҳад.

Дар бинои Қасри фарҳанг барои кормандони соҳа тамоми шароити муосир фароҳам гардида, толори баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва дигар иншооти зарурӣ ҷойгир хоҳад шуд.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои иҷрои босифати корҳо ва дар муҳлати муайяншуда анҷом додани сохтмон супоришҳои мушаххас доданд.

Тибқи нақша, иншооти нави соҳаи фарҳанг дар ноҳияи Лахш бо тарҳи муосир бунёд шуда, дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешавад.

 

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонии роҳи Роғун-Обигарм-Нуробод шинос шуданд

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди Роғун — Обигарм — Нуробод шинос шуданд.

Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба «Нақши уламо ва зиёиёни тоҷик дар рушди фарҳангу тамаддуни исломӣ» баргузор мегардад

Рӯзҳои 12-13-уми сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба «Нақши уламо ва зиёиёни тоҷик дар рушди фарҳангу тамаддуни исломӣ» баргузор мешавад. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар Конфроси байналмилалии мазкур намояндагони Созмони ҳамкории исломӣ, олимону донишмандони хориҷиву ватанӣ иштирок ва суханронӣ менамоянд.

Дар назар аст, ки дар Конфронси байналмилалӣ оид ба «Нақши уламо ва зиёиёни тоҷик дар рушди фарҳангу тамаддуни исломӣ» мавзуҳои "Саҳмҳои таърихии уламои тоҷик дар фарҳанги исломӣ", “Саҳми сулолаи Сомониён дар рушди фарҳанги исломӣ”,“Мирсаид Али Ҳамадонӣ ва ақидаҳои ҷамъиятию сиёсии ӯ”, “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми ӯ дар ҳифзи арзишҳои исломӣ Дастнависҳои исломӣ ва арабӣ дар Тоҷикистон”, "Таъсири зиёиёни тоҷик ба афкори исломӣ", "Осори уламои маъруфи ислом, аз ҷумла тоҷику форс дар ташаккули андешаҳои таҳаммулпазир" ва "Рушди тамаддуни исломӣ" мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гиранд.

 

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Нуробод

Страницы