Ахбор

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶумҲурии Тоҷикистон Барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд.

Дастгоҳи марказӣ:

  1. Муовини сардори раёсати баҳисобгирии кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ – 1 ҷой, маоши мансаби – 1874,5 сомонӣ;
  2.   бахши ҳуқуқи раёсати баҳисобгирии кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ –  1 ҷой, маоши мансабӣ – 1196 сомонӣ;
  3. Мутахассиси пешбари бахши ҳуқуқи раёсати баҳисобгирии кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 926,9 сомонӣ;
  4. Сармутахассиси раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳо ва муносибатҳои байналмилалӣ – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1196 сомонӣ;
  5. Сармутахассиси бахши техникӣ ва таъминоти ҳуқуқии Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1196 сомонӣ;

Таъиноти кадрӣ

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои муовинони Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Додихудозода Давлатмо Бахтибек аз вазифаи раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон озод гардида, Усмонзода Шоғуфрон – Раиси Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардид.

Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинони Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз вазифа озод ва барои ба вазифаи муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон таъин намудани Мирзонаботов Алишер Худобердиевич, муовинони раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардидани Амирбекзода Назира, Иматшозода Анвар Иматшо ва Носиров Умедҷон розигӣ дода шуд.

Тағйироти кадрӣ ҳамчунин дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба амал бароварда шуд.

Дар 27 соли даврони истиқлолият дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ қариб 1700 иншооти таъйиноти гуногун сохта шудаанд

Ба муносибати ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмон ва таъмиру навсозии 90 иншооти дигар аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва маблағҳои марказонидашудаи вазорату идораҳо, инчунин бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, бунёди 25 бинои маъмурӣ, 23 муассисаи таълимӣ ва тандурустиву фарҳанг, 26 километр роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ ва дигар иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ба нақша ворид гардидааст. Дар ин бора Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ, ки 15 сентябри соли равон дар шаҳри Хоруғ доир гардид, баён доштанд.

Зикр гардид ки ҳоло аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент дар ҳудуди вилоят сохтмони 26 иншоот, аз ҷумла дар шаҳри Хоруғ бунёди 4 иншооти муҳим идома дорад, ки маблағи умумии онҳо беш аз 300 миллион сомониро ташкил медиҳад. Илова бар ин, дар шаҳри Хоруғ корҳои омодагӣ барои бунёди маҳаллаи нави аҳолинишин дар мавзеи Тем босуръат амалӣ шуда истодаанд.

Вобаста ба ин, Роҳбари давлат ба Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент супориш доданд, ки навсозии се километр роҳи маркази шаҳри Хоруғ ва чароғонкунии онро дар муҳлатҳои наздиктарин амалӣ намояд.

Пешвои миллат: «Дар панҷ соли охир бо эътирози прокурорҳо 170 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба замин бекор карда шуд»

Тавре қаблан  иттилоъ додем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи панҷуми сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  15 сентябр дар шаҳри Хоруғ бо шумораи зиёди роҳбарону фаъолони вилоят мулоқоти самимию созанда доир карда,  натиҷаҳои фаъолияти меҳнаткашон, рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоятро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сарвари давлат зимни суханронии худ доир ба мушкилоти ҷойдошта  ибрози назар намуда, ба масъулин баҳри рафъи онҳо дар кӯтоҳтарин муҳлат дастуру супориш доданд.

Тавре Роҳбари давлат  зикр карданд,  ки аз таҳлилҳо бармеояд, ки ҳолати истифодаи замин дар ҳудуди вилоят то ҳанӯз ташвишовар боқӣ монда, дар ин самт қонунвайронкуниҳои зиёд, ба монанди ҳолатҳои хариду фурӯш, ишғоли худсарона ё ғайриқонунӣ ҷудо намудани қитъаҳои замин, инчунин истифодаи ғайримақсадноки он ба қайд гирифта шудааст. Дар панҷ соли охир бо эътирози прокурорҳо 170 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба замин бекор карда шуда, нисбат ба 109 нафар шаҳрвандон ва шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори давлатии соҳа парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Страницы