Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард
Нашр шуд. Душ, 15/07/2019 - 22:45
Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён бо сафари расмии серӯза ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард,- хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Меҳмони олиқадрро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Дар назар аст дар ҷараёни сафари расмӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ёнро ба ҳузур пазиранд.
16 июл дар Душанбе музокироти ҳайатҳои ҳукуматӣ бо роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён баргузор мегарданд.

30 июн дар шаҳри Минск мулоқоти сеҷонибаи Сарони давлатҳои Тоҷикистон, Беларус ва Россия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Александр Лукашенко ва Владимир Путин баргузор гардид.
Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар вохӯрии хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко оғоз гардида, дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи расмии ду кишвар идома ёфт.



