КИТОБИ НАВ: Нигоҳи илмӣ ба масъалаҳои мубрами рушди миллӣ
Нашр шуд. Сеш, 04/02/2020 - 15:12
Дар нашриёти «Контраст»-и шаҳри Душанбе нашри дуюми такмилёфтаи китоби дипломати тоҷик, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода бо номи «Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ» дар ҳаҷми 640 саҳифа ба забони тоҷикӣ аз чоп баромад. Ин китоби таҳлилӣ ба масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ – гиромидошти забони модарӣ, густариши ахлоқи миллӣ, татбиқи амалии омӯзаҳои мактаби сиёсии Пешвои миллат, таъмини рушди устувору босуботи мамлакат дар арсаҳои мухталиф ва ба ин хотир фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ бахшида шудааст. Асари мазкур барои олимон, омӯзгорон, сиёсатшиносон, хизматчиёни давлатӣ ва дар маҷмӯъ, доираи васеи хонандагон иншо гардидааст.
Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, сарҳадот, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва зерсохторҳои он ба вазифаҳои роҳбарӣ таъин гардиданд, барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 





