Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз боғу токзори хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон боздид ба амал оварданд
Нашр шуд. Чор, 05/08/2020 - 21:08
5 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Ҳадафи ин сафар шиносоӣ аз рафти иҷроиши Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020, махсусан рушди боғҳои интенсивӣ, ҳолати нигоҳубин ва нашъунамои дарахтон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, татбиқи амалии супоришҳои Президенти мамлакат оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, захираи зарурии маводи хӯрокворӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ мебошад.

Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» барои пахши барномаҳои мустақим барандагони соҳибистеъдодеро, ки малакаи баланди касбӣ дар соҳаи рӯзноманигорӣ, инчунин чеҳраи зебо ва нутқи бурро дошта, соҳибистеъдоданд, ба кор даъват менамояд. Ин нуктаро 22 июл зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Карими Азиз иброз намуд.
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Илм ва табиат» ва «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ду шабакаи телевизионии нав таъсис медиҳад. Барои таъсиси шабакаҳои нав тамоми низомномаву лоиҳаи он таҳия гардида, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол карда шуд.
Марҳилаи ҷаҳонишавии имрўз рақобати ҳукумати электрониро ба ҳаде тезу тунд гардонидааст, ки дар сархати он сомонаҳои иҷтимоии хориҷӣ қарор доранд. Дар зимни омўзиш ва баррасии матолиби нигаронкунанда аксаран журналистон хомўшӣ ихтиёр мекунанд. Мо дар муқовимати иттилоотӣ ба афроде, ки ҷониби миллату давлати худ санг меандозанд, ҳуқуқи маънавии сукут варзиданро надорем. 



