Ахбор

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров

30 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

30 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

ИЗҲОРОТИ МУШТАРАК: Тоҷикистон ва Қирғизистон хоҳиш ва омодагии худро барои ҳалли ҳама масъалаҳо тавассути гуфтушунид изҳор карданд


30 апрели соли 2021 дар минтақаи озоди байни гузаргоҳи «Гулистон» ва гузаргоҳи «Кизил-Бел» мулоқоти гурӯҳҳои корӣ таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.С. Ятимов ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон Қ.Қ.Ташиев баргузор гардид, ки дар рафти он масъалаҳои ба эътидол овардани вазъ дар қаламравҳои сарҳадии ҳарду ҷумҳурӣ баррасӣ шуданд.

Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Комиссияҳое, ки бо ташаббуси ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳалли низои мусаллаҳонаи 29 апрели соли 2021 дар минтақаҳои наздисарҳадӣ  рухдода, таъсис ёфтаанд, сабабҳо ва оқибатҳои ҳодисаро муҳокима намуда, ба мувофиқа расиданд, ки даргириҳои мусаллаҳона қатъ карда шаванд.

Ҳайати шахсӣ ва техникаи ҳарбӣ ба минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ баргардонида шуда,  барои роҳ надодан ба ташаннуҷи вазъият чора андешанд.
Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Қирғизистон  аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроия барои татбиқи пурраи тадбирҳои пешбинишуда ва фароҳам овардани шароити мувофиқи муътадил баҳри раванди музокироти судманд  барои ду халқ ва давлати дӯст ташкил карда шавад. 

Вобаста ба ин, аз тамоми шаҳрвандони мамлакат  эҳтиромона даъват ба амал оварда мешавад, ки дар масъалаҳои  марзӣ  ба ҳар гуна хабарҳои беасосу иғвоангез бовар накарда,  ба  иттилои расмии  манбаҳои боэътимоди  мақомоти давлатӣ такя намоянд.

Страницы