Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зиёд намудани андозаи нафақаҳои гурӯҳҳои алоҳидаи нафақагирон, ки ба онҳо нафақа аз рӯи маъюбӣ таъин ва пардохт мегардад
Нашр шуд. Ҷум, 28/05/2021 - 13:59


Ту меҳнат мекунӣ, то ҳалолтарин рӯзиро барои зану фарзандонат фароҳам оварӣ. Бояд ифтихор дошта бошӣ, ифтихор аз луқмаи ҳалол. Лекин дар баробари ин дониста бош, ки муҳоҷирати меҳнатӣ як раванди табиӣ буда, ихтиёрӣ сурат мегирад. Худат нағз медонӣ, ки танҳо тоҷик муҳоҷир нест. Шояд бо ҳазорон ӯзбеку қазоқ, қирғизу афғон, турку озар ва фарзандони дигар халқу миллатҳо дар муҳоҷират дӯст шудаӣ. Яъне, ба мисли ту муҳоҷирон аз тамоми халқу миллатҳо ҳастанд. Шояд огоҳ ҳам ҳастӣ, ки имрӯз садҳо нафар шаҳрвандони Чину Туркия, Ҳинду Афғонистон ва кишварҳои дигар дар Тоҷикистон ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ фаъолият доранд. Дар умум мисли ту 300 миллион муҳоҷири меҳнатии дигар дар дунё ҳастанд, ки новобаста ба шароит, ҳуввияти миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиашонро нигоҳ медоранд.

Имрӯз Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо довталабони озмуни адабии “Эъҷози сухан”, ки дар пайравӣ ба ҳидоятҳои Пешвои миллат ва бо мақсади иҷрои банди 21-и нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2020, №14, ҷиҳати баланд бардоштани завқи китобхонию шеърдонӣ, васеъ кардани ҷаҳонбинӣ, тақвияти неруи зеҳнию маҳорати эҷодию суханварӣ ва малакаи касбӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва равнақ додани ҷаҳони маънавии кормандони тамоми воҳидҳои сохтории Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, мулоқот намуд.
Бояд гуфт, ки баъд аз эълони баргузории озмун ба унвони котиботи чорабинии мазкур бештар аз 160 довталаб аз ҳисоби ҳайати эҷодӣ ва кормандони техникии тамоми воҳидҳои сохтории Кумитаи телевизион ва радио аз кулли минтақаҳои ҷумҳурӣ дархости ширкат ворид шуд.
Дар замони муосир терроризми диннӣ як шохаи асосии фаъолияти гурӯҳу ташкилотҳои ифротиву иртиҷоӣ гардидааст, ки мутаасифона паёмадҳои ногувори он боиси ба ҳалокат расидани ашхоси гуногун, хусусан наврасону кӯдакон гардида истодааст. Амали мудҳиши террористии тӯли чанд рӯз ба вуқуъпайваста дар мактаби духтаронаи шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар моҳи мубораки Рамазон ва арафаи Иди Саиди Фитр бори дигар собит сохт, ки ташкилоту гурӯҳҳои террористӣ, экстримистӣ душмани ашадии дини мубини Ислом ба шумор мераванд. Ин бонги изтироб ба Ташкилоти террористии экстримистии ҳизби наҳзати исломӣ мебошад, ки тарғиботи ҷосусонаи хешро берун аз кишвар дар сарзамини Аврупо ба роҳ монда истодаанд. Ҷойи шакку шубҳа нест, ки дар амалҳои террористии шаҳри Кобули Афғонистон аъзои ин Ташкилоти террористӣ, ки дар хоки ин кишвар низ лонаи худро доранд, ҷой дошта бошад. Ин ҳодисаҳо барои ашхоси гумроҳ, манќур ва дур аз андешаи созгор, бедину фурухташуда як ҳолати муқаррарӣ асту бас.
Copyright KTR © 2026,
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, ш. Душанбе, к. Шероз 31. E-mail: info@ktr.tj
