Ахбор

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқот намуданд

15 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф оварданд, мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқоти самимӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Беларус ва мушкилоти минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот таъкид доштанд, ки мардумони Тоҷикистону Беларусро анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва эҳтироми якдигар ба ҳам мепайванданд ва бо шарофати талошҳои муштараки мо муносибатҳои ҳамкорӣ байни кишварҳо дар солҳои охир ба сатҳи сифатан нав баромад.

Ҷонибҳо зимни вохурӣ оид ба ҳолат ва дурнамои робитаҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, кишоварзӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҳамкории байни минтақаҳо, табодули андеша карданд.

Барои тавсеаи муносибатҳо фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ зарур шумурда шуд.

Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар арсаи байналмилалӣ ба мушкилоти сиёсию низомии Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Имрӯз дар Душанбе иҷлосияи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД баргузор мегардад

Имрӯз, 16 сентябр дар Қасри миллат таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор мегардад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар кори ҷаласа Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин (тариқи видоеконференсия) ва Котиби генералии СААД Станислав Зас иштирок хоҳанд кард.

Сарони кишварҳо оид ба масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ ва натиҷаҳои асосии фаъолияти Созмон дар марҳилаи байниҷаласавӣ мубодилаи афкор намуда, инчунин маълумотро дар бораи самтҳои авлавиятноки фаъолият дар давраи раёсати дарпешистодаи Ҷумҳурии Арманистон дар СААД мешунаванд.

Аз натиҷаи иҷлосия қабули Эъломияи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД ва тақрибан понздаҳ қарор ба нақша гирифта шудааст.

Мулоқот бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

Имрӯз Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид бо Сафири фавқуллода ва мухтори Шоҳигарии  Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид бин Абдурраҳмон ар-Решайдон мулоқот намуд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии  Арабистони Саудӣ дар соҳаи телевизион ва радио баррасӣ шуд.

Аз сатҳу сифати ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи телевизион ва радио байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ёдовар шуда, истифодаи нопурраи имконоти мавҷуда дар ин самт таъкид карда шуд.

Ҷонибҳо омодагию ҳавасмандии худро  ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои барои ҳарду тараф афзалиятнок изҳор дошта, имзои санади нави ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи телевизион ва радио муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар  Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар он Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид, муовинони раис, кормандони масъули дастгоҳ ва сохторҳои кумита иштирок намуданд. Нахуст Раиси Кумита ҳозирин ва дар симои онҳо кулли кормандони соҳаро бо ҷашни фархундаи 30-солагиии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, дар иҷрои масъулияти муҳимашон устуворӣ, садоқатмандӣ ва комёбӣ таманно кард. Зикр шуд, ки дар зарфи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо ба дастовардҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва илмию фарҳангӣ мушарраф шуд.

Страницы