Ахбори Точикистон / Новости Таджикистан - 07.12.2021
Нашр шуд. Сеш, 07/12/2021 - 19:13

Имрӯз ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар он раёсат ва роҳбарони сохторҳои кумита иштирок намуданд.
Дар оғози маҷлис муовини якуми раиси Кумита Субҳиддин Шамсиддинзода ҳозиринро ба ифтихори ин санаи фархунда самимона табрику таҳният гуфта, дар бораи таърихи қабул, моҳият, муқаррароти ин рамзи давлатӣ ва тадбирҳое, ки дар мамлакат ҷиҳати бузургдошти он амалӣ карда мешаванд, сухан кард.

Имрӯз Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид бо директори иҷроияи ширкати малайзии “Акуйла Эмас” Аҳмад Нуршаҳризан ибни Муҳаммад Исо мулоқот намуд.
Дар мулоқот дурнамои ҳамкориҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати малайзии “Акуйла Эмас” дар соҳаи телевизион ва радио баррасӣ шуданд.
Нахуст Раиси Кумита оид ба сохтору фаъолият, хусусият ва моҳияти шабакаҳои телевизионию радиоии мамлакат маълумот дод.
Имрӯз дар КВД Комплекси табъу нашри “Шарқи озод” ифтитоҳи расмии муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон «Шаҳнавоз» баргузор гардид. Дар маросими ба сифати муассисаи давлатӣ дар сохтори Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пахши дақиқияти баланди рақамӣ (бо сифати FUL HD) ба фаъолият шурӯъ кардани телевизиони “Шаҳнавоз” муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид, роҳбарон ва кормандони сохторҳои кумита ширкат намуданд.
Copyright KTR © 2025,
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, ш. Душанбе, к. Шероз 31. E-mail: info@ktr.tj
