Аз 1 январи соли 2022 сомонаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо тарҳи нав фаъол мешавад
Нашр шуд. Пан, 30/12/2021 - 16:52


28 декабри соли 2021 дар Академияи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиши нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ маҷлис баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, узви Комиссияи марказиии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Хидирзода Мағфират, роҳбарони сохторҳои кумита ва доираи васеи рӯзноманигорон ширкат доштанд.
Нахуст раиси кумита Нуриддин Саид оид ба аҳамияту зарурати Паёми Президенти мамлакат дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҷомеа мухтасар маълумот дода, изҳор дошт, ки кормандони шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии мамлакат вобаста ба хусусият ва формати шабакаҳояшон бояд дар тарғибу ташвиқи нуктаҳои он бо таҳияи барномаву гуфторҳои ҷолиб пайваста талош намоянд.
Хидирзода Мағфират зимни суханронии худ истифодаи инфографика ва иқтибосҳоро аз Паёми Пешвои миллат дар барномаҳои телевизионӣ усули самарабахшу муассир маънидод намуда, тавсеаи чунин тадбирҳоро ҷиҳати тарғиби бештари ҳадафҳои он муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид
Copyright KTR © 2026,
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, ш. Душанбе, к. Шероз 31. E-mail: info@ktr.tj
