Ахбор

Ифтитоҳи Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”

Дар Тоҷикстон боз  як шабакаи телевизионӣ- Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  ба фаъолият оғоз  намуд, ки  бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли  2021 таъсис ёфта, дар доираи дастгириҳои рузафзун ва  таваҷҷуҳу ғамхориҳои  пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи телевизион ва радио  бо бинои маъмурӣ  ва таҷҳизоти муосири соҳавӣ таъмин карда шудааст.

Дар расми ифтитоҳи Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва   роҳбарони шабакаҳои телевизион ва радиои малмлакат  иштирок намуданд.

Имрўз кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашни Наврўзи байналмилалиро дар сатҳи баланди хотирмон таҷлил намуданд

Наврўзи ҷаҳонӣ,  ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати истиқлоли давлатӣ бо тамоми ғановату рангоранг, расму оин ва суннатҳои хосаш  эҳё гардид, ҳоло ба ҷашни милливу давлатии мо – тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ ваҳдату ҳамдилии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст.

Имрўз Кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати эҷоддии «Телевизиони Тоҷикистон», Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон «Шаҳнавоз» ва 4 шабакаи радиои ҷумҳурӣ  маркази техникии телевизион  ва радиои ҷумҳуриявӣ  ҷашни Наврўзи байналмилалиро дар сатҳи баланди хотирмон таҷлил намуданд.  Аз ҷониби ҳайати эҷодии кумита ва зерсохторҳои он дастурхони наврўзӣ ороста шуда, ҳунарҳои марудмӣ, созҳои мусиқӣ ва хўрокҳои миллиро   ба намоиш гузоштанд.  Дастурхони идонааро  хўрокҳои миллӣ, аз қабили ҳафт сину ҳафт шин,  қурутоб, шириниҳои гуногун ва дигар таъоми ба ин ҷашни бостонӣ мансуб  оро ёфта буд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар тантанаҳои ҷумҳуриявӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иштирок карданд

Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ

15 марти соли 2022 кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ намоиши мероси нодири ниёгони миллати тоҷик - «Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ»-ро тамошо намуданд
Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон зери унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи ҳунарҳои осиёии «Гиме»-и шаҳри Париж 13 октябри соли 2021 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар остонаи сисолагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Фаронса ифтитоҳ ёфта буд.
Намоишгоҳи «Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ» бо мақсади муаррифӣ намудани тамаддуну фарҳанги қадимии тоҷикон дар мисоли ёдгориҳои бостонӣ, ки дар мавзеъҳои таърихии мамлакат, аз ҷумла Саразми бостонӣ, Тахти Сангин, Панҷакенти Қадим, қалъаи Кофарниҳон, Ҳулбук, Аҷинатеппа дарёфт шудаанд, ташкил шудааст. Дар намоишгоҳ ҳудуди 300 адад ёдгории таърихӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, имкон фароҳам меорад, ки бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик шинос шавем.

Страницы