Ахбор

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028»

Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо!
Хонумҳо ва ҷанобони гиромӣ!
Меҳмонони азиз!

Бо камоли майл ташрифи шуморо ба шаҳри Душанбе хайрамақдам мегӯям.

Нишасти имрӯзаи мо тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои

Ҳаракати қатораҳо миёни Душанбе ва Тошканд барқарор мегардад

Дар асоси мувофиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки  дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон ба даст омаданд,    ҳаракати  қатораҳои мусофиркашонӣ  дар хатсайри роҳи оҳани Душанбе-Самарқанд-Тошканд-Душанбе аз 20-уми июни соли 2022   оғоз  мегардад.

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Бори аввал дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт Фестивали об баргузор мешавад

6 июн дар ҳошияи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бори нахуст дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Наврӯзгоҳи»-и пойтахт Фестивали оби Душанбе баргузор мешавад.

«Ин иди  арҷгузорӣ ба об ҳамчун асоси ҳаёт, некӯаҳволӣ, шукуфоӣ ва рушди устувор хоҳад буд», — иброз  доштанд дар котиботи Конфронси байналмилалии об дар Душанбе.

Тавре 27 май зимни баргузории брифинг роҳбари котиботи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд Султон Раҳимзода иброз намуд, Фестивали об аз барномаи васеъ, аз ҷумла намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва эҷодкорӣ, таомҳои миллӣ, намоиши либосҳои  миллӣ, барномаи консертӣ ва дигар намоишҳо иборат аст. Намоишгоҳ ба мавзӯи «Об барои рушди устувор» бахшида шуда, бо нишон додани  таҷрибаи пешқадам, технология ва инноватсия дар соҳаи об ва экскурсияҳо барои намоиши сиёсат ва таҷрибаи Тоҷикистон дар соҳаи идоракунии об инчунин иқтидори мамлакатро дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ муаррифӣ намояд.

Барои ширкат дар Конфронси обии шаҳри Душанбе ҳудуди 2000 нафар шахсиятҳои олӣ, сиёсатмадорон, олимон, коршиносон, намояндагони  ҳукумати мамлакат, СММ ва агентии он, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, институтҳои молиявӣ, муассисаҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла занон ва ҷавонон номнавис шудаанд.

Страницы