Нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нашр шуд. Сеш, 26/07/2022 - 18:13
Имрӯз оид ба натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи аввали 2022 дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Роҳбарияти Кумита оид ба фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2022 изҳори назар намуда, ба саволҳои сершумори рӯзноманигорон доир ба рафти татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ, ба моҳвора пайваст намудани шабакаҳои...

Писаре, ки имрӯз соати 12:00 дар Таваллудхонаи рақами 2-и шаҳри Душанбе ба дунё омад ва ба ӯ Фирдавс ном гузошат шуд, сокини 10-миллионаи Тоҷикистон гардид. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон мавқеи худро аз рӯи шумораи аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи 3-юм устувор кард, иттилоъ медиҳанд хабарнигорони АМИТ «Ховар».




