Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон агрегати №1-и НБО «Норак» ба номи Турсун Улҷабоевро ба истифода дода, бо корҳои таҷдиду навсозии иншоот шинос шуданд
Нашр шуд. Душ, 24/10/2022 - 11:41
24 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак агрегати №1-и НБО «Норак» ба номи Турсун Улҷабоевро баъд аз таҷдиду навсозӣ ба истифода дода, бо ҷараёни татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии ин иншооти азими гидроэнергетикӣ шинос шуданд.
Лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии НБО “Норак” аз моҳи марти соли 2019 оғоз гардидааст.

18 октябр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори Конфронси байналмилалии “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия натиҷаи озмуни 7-уми байналмилалии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Санъати китоб», ки аз ҷониби Шўрои байнидавлатии ҳамкорӣ бо дастгирии Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардўстонаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, паҳнкунии китоб ва полиграфӣ ташкил карда шуда буд, эълон гардид.



