Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Қубодиён майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Нашр шуд. Сеш, 01/11/2022 - 16:341 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Парчами давлатӣ ва гулгашти атрофи он дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шафати бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён қомат афрохта, барои тақвияти эҳсоси худшиносиву худогоҳии сокинон ва баргузории чорабиниҳои гуногуни ноҳиявӣ макони мувофиқ ба ҳисоб меравад.
Баландии пояи Парчами давлатӣ 46 метр, дарозӣ ва паҳноии матои он 12 бар 6 метрро ташкил медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки иншоот дар идомаи корҳои ободонӣ ба ифтихори ҷашнҳои миллию давлатӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар масоҳати 1700 метри мураббаъ бунёд гардида, атрофи он сангфарш ва бо гулҳои рангоранг оро дода щудаанд.
Ҳамзамон барои фароҳам овардани шароит ҷиҳати гашту гузори шабонаи сокинону меҳмонони ноҳия дар майдони Парчами давлатӣ 8 чароғаки равшанидиҳанда насб гардидааст.



27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои Осиёи Макразӣ ва Иттиҳоди Аврупо бо Президенти Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел мулоқот карданд.



