Ахбор

Ифтитоҳи бинои иловагии панҷошёнаи таълимӣ, табобатӣ ва хобгоҳи донишҷӯёни Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббию иҷтимоии шаҳри Бохтар”

Дар идомаи сафарӣ корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар нахуст бинои иловагии таълимӣ, табобатӣ ва хобгоҳи донишҷӯёни Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббию иҷтимоии шаҳри Бохтар”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нави муассиса бо дарназардошти талаботи муосир бунёд гардида, дар он барои илмомӯзиву истиқомати донишҷӯён ва табобати беморон шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, дохили иншоот ва намои берунаи он бо санъати баланди меъморӣ оро ёфтааст. Аз ҷумла, дар иншооти мазкур 25 синфхонаи таълимӣ бо 400 ҷойи нишаст ташкил гардида, синфхонаҳо бо асбобу аёниятҳои замонавии таълимӣ муҷаҳҳаз шудааст.

Дар бино кафедраҳои фармасевтӣ ва ҳамширагӣ ҷойгир буда, ҳамчунин 9 толори алоҳидаи лексионӣ дар дохили он ҷой дода шудааст, ки бо истифода аз чунин имконоти мусоид минбаъд сатҳу сифати таълим дар коллеҷ боз ҳам баландтар бардошта мешавад.

Ба истифода додани корхонаи банду басти меваю хушкмева, сабзавот ва боздид аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои кишоварзӣ дар шаҳри Бохтар

2 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Деҳаи ман”-ро  мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи навтаъсис ба банду басти меваю хушкмева ва сабзавот машғул буда, дорои 6 хати коркард ва банду басти маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.   

Тавре зимни боздид маълум гардид, ҷамъият бо дастгоҳҳои муосири корӣ, ки истеҳсоли Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Беларус мебошанд, таъмин буда, бо назардошти талаботи бозорҳои дохиливу байналмилалӣ маҳсулоти кишоварзиро банду баст ва барои фурӯш омода месозад.

Таҷҳизоти кории корхона ба таври автоматӣ фаъолият намуда, дар як соат имконият дорад, ки 3 тонна сабзавот ва то 120 килограмм маҳсулоти донагиро банду баст намуда, пешниҳоди харидорон созад.

Ҳоло дар корхонаи навтаъсис банду басти 14 навъи меваю хушкмева ва сабзавот роҳандозӣ гардида, дастгоҳҳои корӣ имконият медиҳанд, ки бо пайдо гардидани талабот номгӯи маҳсулот ба таври назаррас зиёд карда шавад.

70 фоизи маҳсулоти кишоварзие, ки барои банду баст ба коргоҳ ворид карда мешавад, аз хоҷагиҳои кишоварзии ҳудуди ҷумҳурӣ буда, 30 фоизи дигар, ки асосан донагиро дар бар мегирад, аз дигар кишварҳо ворид мегардад.

Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли қубурҳои асбестӣ дар шаҳри Бохтар

2 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Бохтар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи истеҳсоли қубурҳои асбестии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бохтар-шифер”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи нави истеҳсолӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Дӯстмурод Маҷидов дар масоҳати як гектар дар доираи нақша-чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва панҷсолаи рушди саноат бунёд гардидааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ин аввалин корхонаи саноатӣ дар шаҳри Бохтар аст, ки ба истеҳсоли қубурҳои асбестӣ машғул мешавад. Фаъолияти корхонаи мазкур дар 2 баст ба роҳ монда шуда, дар он беш аз 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Санги асос барои бунёди корхона моҳи марти соли 2021 аз ҷониби  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда буд ва он дар муддати якуним сол бо сифати баланд сохта шуд.  

Дар корхона ду хати муосири технологӣ аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас ва васлу насб гардида, дар он пайвандак ва қубурҳои қутрашон аз 90 то 300 мм бо дарозии 4 метр истеҳсол карда мешавад.

Оғози корҳои сохтмонии парки технологии иноватсионӣ дар ноҳияи Панҷ

1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба корҳои сохтмонии парки технологии иноватсионӣ ҳусни оғоз бахшиданд.

Масоҳати парки технологии бунёдшаванда 3 гектарро ташкил намуда, оянда дар он ҷиҳати амалигардонии ҳадафи 4-уми стратегии давлату Ҳукумати кишвар – саноатикунонии босуръати мамлакат коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд карда мешавад.

Тибқи нақша дар парки технологӣ бо ҷалби соҳибкорону дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 9 корхона ба нақша гирифта шудааст, ки самти фаъолияти онҳо ба истеҳсоли орду равған, коркарди меваю сабзавот, сачоқҳои як карата, обҳои ташнашикан, маҳсулоти қаннодиву макаронӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти хурокворӣ ва дигар ашёҳои рӯзгор равона мегарданд.

Баъди пурра ба истифода додани корхонаҳои сохташаванда, зиёда аз 200 ҷойи нави корӣ муҳайё мегардад.

Маҳсулоти истеҳсолии коргоҳу корхонаҳои бунёдшаванда воридотивазкунанда буда, дар қонеъ гардонидани талоботи бозори дохилӣ бо чунин маҳсулот мусоидат менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки то 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар 30 шаҳру ноҳияи мамлакат чунин паркҳои технологӣ таъсис меёбанд, ки дар натиҷа шумораи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ба маротиб зиёд мешавад.

Страницы