9 ДЕКАБР-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ. Масъалаи муқовимат ба ин падидаи номатлуб дар меҳвари сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад
Нашр шуд. Ҷум, 09/12/2022 - 12:08
Бо ташаббуси Маҷмаи Умумии СММ аз соли 2004 инҷониб 9

Ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии муовини якуми Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар Ҳотамшо Латифзода дар Конфронси сатҳи баланд оид ба тағйирёбии иқлим: «Аз донишҳои глобалӣ ба ҳалли маҳаллӣ: муассисаҳои ба иқлим тобовар дар Осиёи Марказӣ», ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд.
«Рушди ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби СААД- омили аслии таъмини амният дар минтақа аст»,- изҳор доштанд зимни суханронӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи якҷояи Шӯро ва ҷаласаи пленарии понздаҳуми Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД), ки дирӯз 5 декабр дар толори «Колонний»-и Хонаи иттифоқҳои Москва баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти АП СААД хабар доданд.




