Ахбор

Барқияи табрикии Раиси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Чаба Короши ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз Раиси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Чаба Короши ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли ифтихор мехостам Шуморо ба муносибати муваффақона қабул гардидани Қатънома зери унвони «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 14 декабри соли 2022 сурат гирифт, табрик намоям.

Итминони комил дорам, ки қабул гардидани ин Қатънома ба баррасии аҳаммияти пиряхҳо ҳамчун ҷузъи даври гидрологӣ ва мушкилиҳои ногузир, ки обшавии босуръат ва коҳиши пиряхҳо барои муҳити зист, тандурустии инсон, рушди устувор ва пойдории таъминоти об ба вуҷуд меоваранд, мусоидат хоҳад кард.

Умедворам, ки ширкати фаъоли Шумо дар Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид – 2023 натиҷаҳои назаррас ва пешниҳодоти амалию таҳаввулофаринро ҷиҳати пайдо намудани ҳалли устувори масъалаҳои марбут ба об дар ҳавзаи дарёҳои аз пиряхҳо ибтидогиранда ба бор хоҳад овард.

«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ». Дар пойтахт маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмун доир гардид

20 декабр дар «Кохи Суруш»-и пойтахт маросими бошукӯҳи ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» доир гардид, ки дар вазъияти тантанавӣ ба 33 нафар ғолибони ҳамаи номинаю бахшҳо мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Озмуни мазкур тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани завқи бадеӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нави суханвару сухандони дорои маҳорати баланди ровигию наттоқӣ, сарояндагию овозхонӣ, баланд бардоштани маҳорати иҷрокунандагӣ, ташаккули истеъдоду ҳунари наврасону ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа дар ин самтҳо, инчунин фароҳам овардани шароити мусоиди эҷод ва пешниҳоди шеър ва сурудҳои таҷассумкунандаи марҳилаи нави ободкориву созандагӣ ва рушди бемайлони пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе равона гардидааст.

Дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳр, вазорату идораҳо, иштирокчиёни озмуни мазкур ва ҳаводорони шеъру суруд ширкат намуданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе ба истифода доданд

20 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро ба истифода доданд.

Бинои нави таълимӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар асоси стандартҳои муосири байналмилалӣ дар партави сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати мамлакат аз ҳисоби маблағҳои махсуси донишгоҳ бо тарҳу лоиҳаи муосир ва бо дарназардошти унсурҳои меъмории миллӣ бо сифати баланд бунёд гардида, аз таҳхона ва 5 ошёна  иборат аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои шуъбаи дар ноҳияи Сино будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд

 Иншооти нав аз панҷ ошёна ва таҳхона иборат буда, дар ошёнаҳои болоии он хонаҳои истиқоматии хизматӣ ҷой дода шудаанд.

Бино дорои утоқҳои  барҳавою замонавӣ буда, ба фаъолияти босамари кормандони шуъба мутобиқ мебошад.

Дар бинои нав ҳамчунин барои тамрини кормандони соҳа толори варзишӣ ташкил гардида, китобхонаи замонавӣ низ дар хизмати онҳо қарор дорад.

Зимни шиносоӣ кормандони шуъбаи амнияти ноҳияи Сино барои бунёди чунин иншооти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат калиди хонаҳои истиқоматиро ба оилаҳои кормандони ниҳоди мазкур дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе тақдим карданд.

Страницы