ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛИ ҶАҲОНӢ. Пешниҳодҳо ва саҳми дурахшони Президенти Тоҷикистон дар масъалаи пешгирии маҳви пиряхҳои сайёра назаррас аст
Нашр шуд. Душ, 23/01/2023 - 14:03
Ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва таъкидҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи обу иклим, аз чумла доир ба масоили ҳифзи пиряхҳо ва манбаву сарчашмаҳои оби тоза дар тамоми ҷаҳон тарафдорон ва ҳамфикрони зиёде пайдо намуда, ҳалли ин мушкил ва масъалаи муҳимро дар мадди аввали ҷомеаи башарӣ гузоштаанд. Чунин нигоштааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло дар матлаби хеш.
Дар зер андешаҳои муаллиф вобаста ба ибтикори панҷуми ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон дар мавриди об ва иқлим пешниҳод мешаванд.


Ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба обу иқлим дар нишасти онлайнии «Овози Ҷануби Ҷаҳонӣ»*, ки бо иштироки намояндагони беш аз 120 давлат баргузор гардид, муаррифӣ карда шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист.
24 декабри соли сипаригардида Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмо



